Аз 163 километр хатҳои оби нӯшокии Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар 60 дарсади онҳо таъмирталаб ҳастанд. Барои бартараф кардани ин мушкил аз ҷониби ҳукумати кишвар бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд марҳилаи дуюми “Лоиҳаи барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар”  бо харҷи 4,8 миллион доллари амрикоӣ оғоз шудааст.

Абдукарим Яров, роҳбари идораи мазкур, қайд, ки то ҳол  наздики 13 километр хатти оби нӯшокӣ дар шаҳри Бохтар иваз карда шудаанд.

– Бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд марҳилаи дуюми “Лоиҳаи барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар” оғоз шудааст, ки маблағи он 4,8 миллион долларро ташкил дода, баъди пурра амалӣ шудани он даҳҳо километр хатти об иваз шуда, таъминоти аҳолӣ бо об беҳтар хоҳад шуд,-афзуд номбурда.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳа ба ҷуз иваз шудани хатҳои об ҳамчунин бунёди як обанбор дар назар аст. Дар ин баробар, техникаҳои нав ворид шуда, ҳисобкунакҳои истифодаи об ба эҳтиёҷмандон ройгон дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь