Дар шаҳри Бохтар ҳоло сохтмони ду бинои иловагӣ барои наздики 1 ҳазор хонанда дар як баст, бунёди ду  муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак ва дигар иншооти соҳа идома дорад.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон” барои солҳои 2022-2027 сохтмони бини муассисаи томактабии хусусӣ дар нази мактаби Инаватсионӣ аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ барои 100 кӯдак оғоз шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди мактабӣ №8  барои 312 хонанда дар як баст ва бинои иловагӣ дар назди мактаби №6 барои 620 хонанда дар як баст идома дорад.

Ӯ афзуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар соли 2023 бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, шахсони саховатманд ва соҳибкорон дар назди муассисаи таълимии №7-ум 14 синфхонаи иловагӣ,  муассисаи таълимии №14-ум  4 синфхонаи илвоагӣ ва як кӯдакистон барои 70 нафар тарбиятгиранда сохта ба истифода дода шуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2024 бо дастгири шарикони рушд  ва соҳибкорони ватанӣ дар назди литсейи давлатии №1-ум 10 синфхонаи иловагӣ ва як кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷой дар маҳалаи Ваҳдат ба нақша гирифта шудааст, ки то оғози соли нави хониш иншооти соҳ сохта ба истифода дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь