Дар таътили тобистонаи имсола 10 ҳазору 270 нафар кӯдак аз муассисаҳои таълимию  томактабии шаҳри Бохтар ба истироҳатгоҳи дохиливу беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ба “Фараж” хабар дод, ки аз ин шумора 490 нафараш ба истироҳатгоҳои беруназшаҳрӣ, 4 ҳазору 550 нафар дар муассисаҳои томактабӣ ва 5 ҳазору 770 нафар дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта мешаванд.

Гуфта шуд, фарогирии кӯдакон ба истироҳатгоҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз шудааст.

Ҳамчунин, баъди имтиҳонҳои хатм 490 хонанда ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ҷалб  хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь