Корхонаҳои саноатии маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар давоми се моҳи соли ҷорӣ ба мабалғи 68,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021  беш аз 15,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давалтии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар шаҳр ҳамагӣ 53 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 30 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.

Зикр карда шуд, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ аз 53 коргоҳу корхонаи саноатии шаҳр 40 корхона фаъолияташро нисбатан  хуб намуда, ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбати се моҳи соли гузашта то 40 баробар, яъне 15,4 миллион сомонӣ, зиёд карданд.

– Аммо, мутаассифона, 4 корхона – ҶДММ “Дилором”, ҶДММ “Соап зан”, ҶДММ “Империя Окон” ва ҶДММ “Сафар Ферма” истесҳоли маҳсулотро нисбати се моҳи соли гузашта ба маблағи 51,8 миллион сомонӣ коҳиш доданд, – илова кард ӯ.

Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки дар ин давра 9 корхонаву коргоҳи  шаҳр, аз ҷумла  “Орди Хатлон”, “Коргоҳи дузандагӣ-2016”, Маркази ҳунаромӯзӣ”, “Майрамбибӣ”, “Ҳоҷиён-2”, “Нӯралӣ-0101”, “Бохтар содирот”,  “Нобиноён” ва “Бунёди ганҷи истеҳсол” тамоман фаъолият накарданд.

Омили фаъолият  накардани корхонаҳои мазкурро ин шахси масъул надоштани фармоишгар, мавсимӣ будани онҳо ва дигар сабабҳо арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь