Давоми се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар бо харҷи 89,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал иттилоъ дод, ки аз ин ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ 42,2 млн сомонӣ ва секторҳои хусусӣ 47,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Номбурда илова кард, ки дар доираи панҷсолаи рушди соҳаи саноат ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  сохтмони 4 адади он дар соли 2024-ум ба нақша гирифта шуда, аз он як корхона ҶДММ “Коргоҳи дӯзандаги Малика” оид ба истиеҳсоли маҳслуоти гуногуни дӯзандаги бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуда, бо харҷи 196 ҳазор сомонӣ дар ин давра маҳсулот истеҳсол кардааст.

Қайд гардид, ки аз 59 корхона ва коргоҳи саноатии шаҳр дар се моҳи соли ҷорӣ 36 ададаш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар ва ё ин, ки 5,7 миллион сомонӣ зиёд карданд.

Аз 59 корхона ва коргоҳи саноатии шаҳр самти фаъолияти 12 ададаш истеҳсоли маҳслуоти дӯзандагӣ, 21 адад маҳсулоти хурокворӣ,  3 адад коркарди пахта, 13 ададаш истеҳсоли маҳслуоти сохтмонӣ ва 10 адади дигараш ба истеҳсоли маҳсулоти чубин, чопи газетаҳо, маводи шустушуй, трансформатор, дучарха, барқ, ва об равона гардидааст, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь