Ташкилотиу идораву корхонаҳо дар назди Нозироти андози шаҳри Бохтар беш аз 8 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин омил боиси иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ гардидаст.
Аз Нозироти андози шаҳри Бохтар хабар доданд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети шаҳр 99 дарсад иҷро гардид.
– Тибқи нақша бояд ба буҷети шаҳр дар ин давра 143, 6 миллион сомонӣ ворид мешуд, аммо аз сабаби саривақт пардохт нагардидани андоз аз ҷониби баъзе ташкилоту идораҳо 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда нвшуд, -гуфтанд аз нозироти мазкур.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар назди Нозироти андоз аз ҳама қарзи зиёд дар Корхонаи воҳиди давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр 3 миллион сомонӣ, Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр зиёда аз 919 ҳазор сомонӣ, КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар 340 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Омилҳои пардохт нашудани қарзи андозро хостем аз роҳбарони ин корхонаҳо пурсон шавем, мутаассифона, онҳо ба тамосҳои пайдарпайи мо посух надоданд.