Рӯзи 27 майи соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ёвари директори мактаби рақами 8 шаҳр хонандаи синфи дуюми ҳамин муассисаро дар манзили истиқоматиаш латукӯб карда, ба ҳалокат расонидааст.
Як манбаъи бо эътимод аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба шарти ифшо нашудани номаш ба “Фараж” иттилоъ дод, ки як зани тахминан 25-сола ёвари директори мактаби рақами 8-и шаҳр хонандаи синфи дуюми муассисаи таълимии ҳамин мактабро латукӯб карда ба ҳалокат расонидааст. “Баъдан кӯдакро аз тирезаи хонааш, ки дар якум ошёна будааст, ба замин мепартояд, то ҷинояти кардаашро рӯпӯш кунад” – афзуд манбаъ.
Манбаъ пурра шаҳр надод, ки чаро зани ҷавон даст ба ин кор задаст, аммо хабаргузории «АП» дар такя ба як манбаи худ хабар додаст, ки гумонбар кӯдакро латукӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷилӣ занг мезанаду аз хона баромада меравад. «Мутаассифона, кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”,- гуфтааст манбаъ.
Як манбаъи дигар ба “ҳамин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳубини кӯдак ба уҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро латукӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.
Манбаи мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафсилоти бештар надод ва танҳо гуфт, ки тафтишоти ин парванда ба уҳдаи мақомоти милитсия вогузор шудааст ва шарҳи бештари ҳодиса баъди ба анҷом расидани тафтишот пешниҳод карда мешавад.
номи мақолаатон хато
Оқибаташ чи шуд? Фаромӯш шуд?