Соли 2021-ум қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ беш аз 100 дарсад таъмин гардида, ба буҷети шаҳр 196 миллиону 637 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Изатуллозода Ҳабибулло зикр кард, ки баҳри иҷрои саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кушиш мекунанд, ки маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарз ва таъхири пардохти музди меҳнат ба миён наояд.

Ӯ гуфт қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо назарошти тағироту иловаҳо ба маблағи 105 миллиону  241,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба маблағи 104 миллиону 603 ҳазор сомонӣ равона карда шуд, ки он 99 дарсдаи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Қайд гардид, ки соли гузашта нақшаи ҳисаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 100 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 47 миллиону 795,5 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.

– Маблағҳои пешбинишудаи зимистонгузаронӣ ба соҳаи моарифу тандурустии шаҳр саривақт пардохт гардида, қарздории пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту идораҳо дар шаҳр вуҷуд надорад, – илова кард Изатуллозода Ҳабибулло.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь