Аз 58 коргоҳу корхонаи саноатии шаҳри Бохтар 10 коргоҳу корхона бо омилҳои гуногун аз фаъолият боз монда, ду корхонаи дигар ба пастравии истеҳсол роҳ додаанд. Вале коргоҳу корхонаҳои саноатии дигари шаҳр давоми 9 моҳи соли равон бо харҷи 225 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маҳслоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 183 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 корхонаи саноатӣ, аз қабили ҶСШК “Трансформатор” ва ҶДММ “Саманди ака” ба пастравии исетҳсолот роҳ доданд.

Ба гуфти манбаъ дар ин давра ҶДММ “Соафзон”, ки самти фаъолиташ ба истиеҳсоли собун равона шудааст, бо сабаби надоштани маблағи гардон ва ашёи хом, ҶДММ “Майрамбибӣ”, ки самти фаъолияташ истесҳоли маҳсулоти заргарӣ ва дӯзандагӣ мебошад, бо сабаби фавти роҳбар, ҶДММ “Ҳоҷиён” самти фаъолият маҳсулоти ширӣ, бо сабаби надоштани ашёи хом, ҶДММ “Маркази ҳунаромӯзӣ”, ки самти фаъолияташ ба дӯзандагӣ равона буд, бо сабаби аз байн рафтани корхона ва ба ҳамин монанд дар умум 10 коргоҳу корхонаи саноатии шаҳри Бохтар бо сабабҳои гуногун тамоман фаъолият накарданд.

Гуфта шуд, ки коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 225 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маҳслоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 183 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирфита шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 9 ададаш сохта ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони ду корхонаи дигар бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь