Дар арафаи Рӯзи Ғалаба раиси шаҳри Бохтар ва намояндаи Ҳукумати кишвар ба дидорбинии ду ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рафта, ба онҳо кӯмак карданд ва аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор шуданд.

Аз ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки бо дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат  барои дастгирии ширкаткунандагони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло аз ҳоли собиқадори ҷанг Алиев Зайнулло хабар гирифта шуд.

Аз ҷониби масъулин ба бобои Зайнулло туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло расонида шуд.

Ҳамчунин ба дидорбинии Сафаралӣ Файзалиев низ равтанд ва кӯмаки Пешвои миллатро ба ӯ супориданд. Сафаралӣ Файзалиев дар майдони ҷанг далерию шуҷоат нишон дода, аз тири фашистони Гитлер ду маротиба маҷруҳ шудааст.

Барои хизматҳои ҷангиаш бо ордени “Ҷанги ватанӣ дараҷаи дуюм”, медалҳо “Барои меҳнати шоён” ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь