Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба хотири моҳи Рамазон намоиши фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шудааст.

Дар ин ярмарка нархи орд, гӯшт, картошка, сабзӣ, пиёз, биринҷу равған, помидору бодиринг  ва дигар маҳсулот нисбат  ба нархҳои  бозорҳо аз 1 то 5 сомонӣ арзонтар ба фурӯш бароварда шудаанд.

Баргузории ин ярмарка бо ташаббуси  ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  роҳандозӣ мешавад.

Сокинон аз иқдоми масъулон изҳори миннатдорӣ карда, гуфтанд, ки нархи маҳсулоти ярмарка нисбат ба бозорҳо хело арзон мебошад.

Онҳо аз мутасаддиён хоҳиш карданд, ки шумор маҳсулоти ниёзи аввалро дар ярмарка бештар кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь