Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар давоми соли 2023-юм 115 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин ҳисоб наздики 200 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шудааст.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар Юсуфзода Эмомалӣ иттилоъ дод, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давалтии кишвар  дар шаҳр зиёда аз 270 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда аст, ки аз он дар як сол 125 ададаш сохта ба истифода дода шуд.

Ба гуфти ӯ, дар назар аст, ки дар соли 2024-ум зиёда аз 60 иншооти дигар дар шаҳри Бохтар бунёд карда мешавад, ки калонтарини иншоот дар ин сол корхонаи гӯгирд, ду бинои иловагӣ дар назди мактабҳои рақами 6 ва 8, иваз кардани хатҳои оби нушокӣ, таъмири роҳҳо  ва дигар иншоот мебошанд, ки дар аксари онҳо айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамчунин, дар назар аси, дар ин сол бозсозии Теппаи Қурғон, ки тайи чанд соли охир бо сабаби садамавӣ буданаш дарҳои худро баста буд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон оғоз карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь