Тибқи барномаи кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳри Бохтар корҳои таҷдиду навсозӣ ва насбӣ ҳисобкунакҳои барқӣ оғоз гардидааст.

Як манбаъ аз шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар дод, ин лоиҳа аз ҷониби ҶСК “Гидромантаж” амалӣ мешавад. Амалишавии лоиҳаи мазкур аз соли 2024-ум оғоз гардида дар соли 2025-ум ба анҷом мерасад. Дар доираи ин лоиҳа хатҳои интиқоли барқ, трансформатор ва дигар таҷҳизоти замонавӣ насб карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муддати як моҳи амалишавии лоиҳаи мазкур зиёда аз 700 манзили зисти шаҳрвандон дар биноҳои баландошёна ва корхонаҳои азим бо ҳисобкунакҳои  зеҳнӣ насб карда шуда, ин муштариён ба системаи биллингӣ ворид шудаанд. То соли 2025-ум ҳамаи муштариёни шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар бо ҳисобкунанкҳои зеҳнӣ таъмин шуда, ба системаи биллингӣ ворид мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь