Дар арафаи соли нави мелодӣ дар доираи дастру супоришҳои Роҳбари давлат, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе ва соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба 500  корманди соҳаи коммуналии шаҳр ва оилаҳои ниёзманд кӯмак карда шуд.

Аз МИМҲД-и шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки ин амал дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов роҳандозӣ гардид.

Ҳангоми супоридани кӯмакҳо ба кормандони коммуналӣ, ятимон, маъбон, нобиноён, собиқадорон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеа раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва дигар масъулон иштирок карданд. Гуфта шуд, ки кӯмаки навбатӣ аз маводҳои ғизоии орд, равған, шакар ва биринҷ иборат буд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори саховатманд ба содиқадорон 50 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд. Маҳмуҷон Муродов тасмим дорад, ки ба Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар 20 моторолери боркаш кӯмак кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь