Ҳарчанд дар шаҳри Бохтар аз чониби ниҳодҳои дахлдор сагҳои бесоҳиб безарар гардонида мешаванд, аммо ба гуфти масъулони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф сагҳои худро ба шаҳр оварда раҳо мекунанд, ки ин боиси зиёд шудани шумораи сагҳо дар ин шаҳр шудааст.

Муовини сардори Маркази таъминоти бехатари озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар Маъруф Гулов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар шаҳри Бохтар сагҳои бесоҳиб зиёд шудаанд. Ин ба он далел аст, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф сагҳои худро  ба шаҳр оварда раҳо мекунанд ва дар шаҳр, ки ошхонаҳову тарабхонаҳо зиёданд, сагҳо барои ҷустуҷуи ғизо ба ин маконҳо меоянд.

– Дар ин давра 31 саг ба сокинон осеб расондаанд, ки сокинони осебдида сарвиақт ваксин карда шудаанд, – илова кард ӯ.

Номбурда афзуд, дар се моҳи соли ҷорӣ 126 сагу гурбаро ба муқобили бемории ҳорӣ эмгузаронӣ карда, 11 сари онро  бо шиноснома таъмин кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 105 саг ба сокинон осеб расонида, 412 саг безарар гардонида шуда, 57 саг бо шиноснома таъмин ва 243 саги дигар эм карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь