Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 18 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аз ин шумора дар соли 2022-ум 6 корхонаи саноатӣ бунёд шудаанд.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва саноати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимитяи давлатии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода, иттилоъ дод, ки корхонаҳои бунёдшуда ҶДММ “Баракати диёр”,  ҶДММ “Ҳилоли Аҳмар”,  ҶДММ “Деҳаи ман”, ҶДММ “Ёсинҷон Бохтар”, ҶДММ “Умеди Бохтар” ва сехи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ мебошанд.

Ӯ афзуд, баъди ба истифода додани ин корхонаҳо 90 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

– Корхонаҳои навтаъсис дар соли 2022-ум ба мабалағи 2 миллиону 351 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, – илова кард номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь