Дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёди 17 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он то имрӯз 10 ададаш бо таъсиси 140 ҷойи нави кори бунёд гардидааст.

Мудири Шуъбаи рушди иқтисод ва саводи МИҲД-и шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз 10 корхонаи бунёдшуда 6 ададаш дар соли 2022 ва 4 адаш дар соли 2023 мебошад, ки аз ин ҳисоб 140 ҷойи нави корӣ ташкил шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта  ҳамчунин се коргоҳи дигар бо таъсиси 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Ӯ афзуд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар 58 адад коргоҳу корхонаи саноатӣ  ба қайд гирифта шудааст. Дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин шаҳр ба 293,2 миллион сомонӣ расонида шуд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бо дасгирии Ҳукумати кишвар соли 2015 дар шаҳр ба масоҳати 6,9 гектар замин минтақаи саноатӣ ташкил карда шуда, ба 13 нафар соҳибкор замин барои бунёди корхонаҳо ҷудо гардида,  то имрӯз 6 корхонаи саноатӣ дар ин минтақа бунёд карда шудааст.

Ба иттилои ӯ, аз 58 коргоҳу корхонаи саноатии шаҳр соли 2023-юм 2 корхона ба пастравии истеҳсолот роҳ дода, 11 адади дигар фаъолият накарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь