Дар  бозори “Фаровон-Қӯргонтеппа”-и шаҳри Бохтар, ки шаби якуми июни соли ҷорӣ оташсӯзӣ шуда буд, корҳои барқарорсозӣ оғоз гардидаанд.

Ба иттилои Шерхонзода Ҳайдаралӣ, сардори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”, тамоми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби соҳибмулк, яъне бозор, сурат мегирад, ки дар кори он ширкатҳои “Рушди Хатлон”, “Исмоили Сомонӣ асри 21” ва Бозори Ҳоҷи Шариф ёрӣ мерасонанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир барои ҳарчӣ зудтар сохта ба истифода додани қисматҳои осебдидаи бозор зиёда аз 20 адад техника ва 300 нафар сафарбар гардидаанд.

Ба гуфтаи Шерхонзода Ҳайдаралӣ дар ҳудуди бозор ду иморати замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз сохта мешаванд, ки яке 3 ва дигаре 4-ошёна буда, дар ихтиёри соҳибкорон қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба гуфтаи сардори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” зарари сӯхтор 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аст, ки аз ин 44%-аш ба соҳибмулк ва 56%-и дигараш ба соҳибкорон рост меояд.

Бояд гуфт, ки бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар шаби 1-уми июни соли ҷорӣ оташ гирифта буд. Сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ Бегиҷонзода Валӣ сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ дар дохили ошхонаи хусусии “Ганҷина-3” арзёбӣ кард.

Бар асари ин сухтор як нафар соҳибкори 52-солаи шаҳри Кӯлоб, ки 90 дарсади баданаш сӯхта буд, вафот кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь