Барои таъмири муассисаҳои таълимию томактабӣ ва литсейҳои шаҳри Бохтар имсол аз ҳисоби буҷети шаҳр 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин маблағ айни ҳол 700 ҳазор сомониаш ҷудо шудааст.
Сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи шаҳри Бохтар Шуҳрат Бозорзода, гуфт, ки сол то сол маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба соҳаи маориф зиёд мешавад. Соли гузашта барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети шаҳр 1 миллиону 114 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, имсол 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбати соли 2022-юм 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Мудир муассисаи томактабии рақами 2 Дилрабо Раҳимова тасдиқ кард, ки муассисаи онҳо бо дасгириву маблағгузории буҷети шаҳр пурра таъмир шуда, муосиртарин таҷҳизоти таълимӣ фароҳам оварда шудаанд
Мудири муассисаи томактабии рақами 1 Марҷона Ғуломова қайд, кард, ки имсол аз ҳисоби буҷети шаҳр барои боғчаи онҳо 46 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ҳоло таъмир дар ошхона идома дорад.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода гуфт, ки дар шаҳр 21 муасмисаи таълимӣ, 18 кудакистон ва 4 литсей амал мекунанд, ки ҳиммат карда мешавад, ҳамаи онҳо то соли нави хониш пурра аз таъмири асосӣ бароварда шаванд.