Дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар аз оғози мавсими гулшинонӣ то имрӯз зиёда аз 500 ҳазор гули гуногун шинонида шудааст.

Директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Сайфулло Иззатзода гуфт, аз оғози мавсим дар кучаву хиёбонҳои шаҳр 102 ҳазор гули лола, 278 ҳазор гули мавсимӣ,  20 ҳазор гули садбарг ва дигар намуд гулҳо шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло лар гармхона ва заминҳои назди  КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар 25 ҳазор  қаламчаи садбарг  ва зиёда аз 80 ҳазор гули мавсимӣ  парвариш мешаванд, ки онҳо марҳила ба марҳила дар кучаҳои шаҳр шинонида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь