Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон месозанд ва роҳравҳоро  сафолакпӯш мекунанд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода гуфт, иқдоми мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо дастгирии  ҳукумати шаҳр амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва сафолакпӯш кардани роҳравҳо  аз ҷониби МИҲД-и шаҳр, Раёсати  молияи шаҳр ва ташкилоту идораҳои вилоятву соҳибкорону шахсони саховатманд бунёд карда мешаванд.

Мақсад аз бунёди ҷойи бозии кӯдакон фароҳам овардани шароит барои бозии онҳо дар назди биноҳои баландошёна мебошад, ки қариб дар бештари ҷойи бозии кӯдакон биноҳои баландшиёна сохта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь