Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар арафаи соли нави хониш 11 роҳбари муассисаҳои томактабиро бо сабаби мутобиқат накардани ихтисосҳояшон ва як нафарро барои ба синни нафақа расидан аз вазифа озод карданд.
Аз шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар доданд, ки баъди озод шудани мудирони 12 муассисаи томактабӣ ба ҷояшон иҷрокунандаи вазифа аз ҳисоби мушовирони боғчаҳо таъин карда мешаванд.
– Айни замон кадрҳо омӯзиш мебинанд. Кадрҳое, ки ихтисосҳояшон ба вазифаи мудир мувофиқат мекунад ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳр пешниҳод карда шуда, дар мувофиқа бо мақомоти маҳал ба вазифа таъйин мегарданд,-гуфтанд аз шуъбаи маорифи шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, барои озод кардани мудирони кӯдакистонҳо протоколи Вазорати маориф омодааст, ки то якуми сентябр онҳоро аз вазифа озод кунанд.
Гуфта шуд, ки мудирони ду кӯдакистони шаҳр баъди озод шудан аз вазифаҳояшон ба ҳайси директорони маткабҳои рақамҳои 13 ва 15 таъйин карда шуданд.
“Айни замон ҳайати комиссияи мақомот пешниҳод кардааст, ки мудирони аз вазифаҳояшон озод шуда ба ҳайси мушовир, ҷонишини директор дар мактабҳо, омӯзгор ва ё дар шӯъбаи маориф кор кунанд. Онҳо кадри соҳа ҳастанд ва онҳоро бекор намемонем”, – гуфтанд аз шуъбаи маорифи шаҳр.
Аммо як манбаъ аз ҳукумати шаҳр хабар дод, ки барои мувофиқа кардану таъйин шудан ба ҳайси мудири кӯдакистонҳо асноди 9 нафар пешниҳод шудааст.