Имрӯз дар майдони «70 солагии водии Вахш»-и шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят дар доираи Форуми ҷумҳуриявии “Омӯзгори навовар” баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зиёдулло, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ,  намояндагони шарикони рушд дар Тоҷикистон ва дигарон   иштирок доштанд.

Иштирокдорон ва аъзои ҳакамон аз маҳсули дастранҷи иштирокчиёни озмуни лоиҳаи омӯзгорони навовар дидан намуданд. Лоиҳаи номбурда дар беш аз 100 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Ба озмуни мазкур танҳо 26 омӯзгори фаъолу навовар аз муассисаҳои таълимии фаъолтарин роҳ ёфта тавонистанд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили форуми мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.

«Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030» ба рушди касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони деҳот мусоидат менамояд, ки он низ аз ҷумлаи тадбирҳои вазорат дар ин самт мебошад», – афзуд намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомуддинзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь