Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар имрӯз бо доираи васеи соҳибкорону дохиливу хориҷӣ Форуми байналмилалии содиротии Бохтар Фуд-2023 идома дорад.
Дар ин Форуми мазкур раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид, намояндагони дигар кишварҳо, соҳибкорони дохиливу хориҷӣ ва дигар меҳмонон иштирок доранд.
Қисмати аввали Форуми байналмилалии содиротии Бохтар Фуд-2023 дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар баргузор гашт. Баъди он меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардуми дидан мекунанд.
Блоки рекламавӣ