Ба сарбози далеру шуҷои дар муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон фавтида Миниқулов Аслан, ки зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буд, ордени «Шараф», дараҷаи ду, дода шуд.
Аз маркази матбуотии раиси шаҳри Бохтар хабар доданд, ки рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии №8-и шаҳри Бохтар, ҷамъомад доир шуд. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, сокинони маҳаллаи Ваҳдат, ҷавонону хонандагон муассисаи мазкур ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Дар ҷамоъмад муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳади КДАМ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ, генерал-майёр Назарзода Турабек Камол ҳузур дошта, ӯ ба модари сарбози шаҳидшуда, ки баҳри ҳимояи ватан ҷон бохтааст, ордени “Шараф” дараҷаи 2-ро супорид.
Бояд гуфт, ки марҳум хатмкардаи мактаби рақами 8-и шаҳри Бохтар буда, аз ҷониби ҳукумати шаҳр ин муассисаи таълимӣ ба номи ӯ гузошта шудааст.
Миниқулов Аслан Сайдуллохонович, ҷавони шаҳри Бохтар, зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар хати сарҳади шаҳри Исфара дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи 14 сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок шуд.