Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат аз ҷониби шаҳрдори Бохтар ва саҳми соҳибкорон ба беш аз 250 оилаи камбизоату маъюб кӯмак карда шуд.

Аз МИМҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ва дигар қишри ниёзманди ҷоме зери таваҷҷуҳи доимии ҳукумати шаҳр қарор дошта, дар арафаи ҳар ид онҳо дастгирӣ меёбанд.

Қайд гардид, ки  дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба қишри ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло  ва соҳибкорон  кӯмак расонида шуд.

Инчунин 20 ноябр бо ташабуси Ҳукумати вилоят ва шаҳри Бохтар бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон”  ва 30-солагии ба тасвиб расонидани Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 ятими кӯл кӯмакҳои моддӣ  расонда шуд.

Ҳамчунин ба 47 хонандаи имконияташон маҳдуд, ки дар хона ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд,ширинӣ, лавозимоти хониш ва дигар туҳфаҳо дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь