Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри  Бохтар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ҷараён дошта, рамзи Наврӯзро бо баландии 8 метр насб карданд.

Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки омодагии шаҳр ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳр хуб ба роҳ монда шуда, рамзи Наврӯз бо баландии 8 метр дар даромадгоҳи 70-солагии Водии Вахш насб карда шудааст.

Гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бохтар рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабиниҳо аз қабили бузкашӣ, куштии миллӣ ва дигар бозиҳое, ки хоси ин ҷашн аст, баргузор мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь