Аз ҷониби ҶДММ “Сардор-2008” ба 40 кӯдаки ятиму бепарастор, кӯдакони   оилаҳои камбизоат ҷузвдон ва лавозимоти хониш туҳфа карда шуд.

Бо мақсади хушҳол гардонидани кӯдакон ҶДММ Сардор-2008 дар шаҳри Бохтар иқдоми иҷтимоии “Кӯдаконро ба мактаб омода намо” гузаронид. Дар ин чорабинӣ кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, модарони танҳо, шахсони дорои маъюбият аз шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.

Аз тарафи ин ширкат ба 40 кӯдак ҷувздонҳои мактабӣ бо ҳама лавозимоти хониш ва маҳсулоти ширкат тӯҳфа карда шуд.

Дар ташкил ва баргузории ин чорабинӣ саҳми роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз” Райҳона Ҳақбердиева, мудири маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, литсейи рақами 1-и шаҳри Бохтар ва шӯъбаи маориф ноҳияи Кӯшониён назаррас аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь