Дар шаҳри Бохтар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон  бунёд мешавад, ки имрӯз аввалин майдончаи бозӣ омода шуда, раиси вилоят Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид  ва дигарон дар кушодашавии он иштирок карданд.

Ин майдончаи бозии кӯдакон дар маҳалаи  Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатӣ, назорат ва  танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Филиали КВД Маркази сериификатсия кор  ва хизматрасони дар соҳаи нақлиёт дар  минақаи Бохтар бунёд гардид.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода гуфт, иқдоми мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо дастгирии  ҳукумати вилоят ва  шаҳр амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва сафолакпӯш кардани роҳравҳо аз ҷониби МИҲД-и шаҳр, Раёсати  молияи шаҳр ва ташкилоту идораҳои вилоятиву соҳибкорону шахсони саховатманд бунёд карда мешаванд. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь