Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо ташабуси МИҲД- и шаҳр сохтмони аввалин эстакада идома дорад.

Сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Саймурод Пиров дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ин эстакада аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд мешавад.

– Мақсад аз бунёди эстакада ба хотири пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва бехатарии сокинон дар назди чороҳаи бозори НИХИ мебошад, – илова кард ӯ ва гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар ин гузаргоҳ моҳи августи соли 2023-юм оғоз гардида, дар назар аст, ки имсол ба истифода дода шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь