Автобусҳои мусофиркаш, ки чанд моҳ пеш ба шаҳри Бохтар оварда шуда буданд,  барои кашонидани мусофирон аз шаҳри  Бохтар ба ноҳияҳои Кушониён ва Вахш шуруъ карданд.

Мусофирон аз ин иқдом  шод буда, зимни суҳбат гуфтанд, ки  автобусҳои нав ба роҳату нархашон нисбати таксиҳо хело арзон аст. Масалан, аз Бохтар то Вахш нархи роҳкиро 10 сомонӣ буд, дар автобусҳои нав аз ду то се сомонӣ аст, мегӯянд мусофирон.

Ба иттилои Сафаров Тоҷиддин, роҳбари гуруҳи тадбиқи нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон,​  дар маҷмуъ 41 нақлиёти ҷамъиятӣ, ба шаҳр оварда шудааст.

Ӯ қайд кард, ки 20 ададаш дар дохили шаҳр хизмат расонида, 20 адади дигар​ берун рафтуо мекунанд.

Раиси шаҳр​ зимини қабули автобусҳо  қайд, карда буд, ки ин иқдом бо дастгирии ҳукумати кишвар роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ беҳтар кардани​ хидматрасонии нақлиётӣ ба аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атроф аст.

– Мо нақша дорем, ин автобусҳо 10 рӯзи аввал бепул ба мардум хизмат кунанд,​ то онҳо одат кунанд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ беш аз 40 ҳазор корт роҳандозӣ шуда, хидматрасонӣ​ ғайринақдӣ мешавад ва барои маъюбону камбизоатон сабукиҳо оварда хоҳанд шуд, – илова кард шаҳрдори Бохтар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь