Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар ба зимистони солҳои 2023-2024 пурра омода буда, дар амбори худ 400 куб омехтаи қуму намак захира дорад. Айни ҳоло ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои шаҳр пурра таъмин аст.

Роҳбари муассисаи мазкур Юсуфзода Бузургмеҳр дар суҳбат ба ” Фараж” гуфт, барои бе мушкил ҳаракат кардани нақлиёт дар зимистони имсола 400 куб омехтаи қуму намак дар муассиса захира карда шудааст.

– Ҳамчунин, 5 техникаи роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф, барои пошидани омехтаи қуму намак дар ҳолати коршоям буда, коргарон бо либоси зимистона ва хӯрок таъмин мебошанд, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, аз рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ, ки ҳаво номусоид шуда,  барф меборад, барои бидуни мушкил ҳаракат кардани нақлиёт дар роҳҳои  шаҳри Бохтар 15 коргар ва 5 техника сафарбар шуда, дар роҳҳо аз дирӯз то имрӯз 60 куб омехтаи қуму намак пошида шудааст.

Қайд гардид, ки дар мувозинаи Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар 133,3 километр роҳ вобаста шудааст, ки ҳоло ҳаракати нақлиёт дар онҳо пурра таъмин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь