Фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабии  шаҳри Бохтар  солҳои охир хуб гашта, он дар соли таҳсили 2023-2024 ба 26,4 дарсад расоидааст. Ҳамзамон, кӯдакистонҳои шаҳр имрӯз дар сатҳи хуб қарор доранд.

Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар 22 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 3 ҳазору 991 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин, дар назди 20 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият доранд, ки дар онҳо 800 кӯдаки дигар ба таълиму тарбия  ҷалб карда шудаанд. Фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар шаҳри Бохтар ба 26,4 дарсад расонида шудааст, ки ин нишондод дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар зинаи аввал мебошад.

Гуфта шуд, ки қариб ҳамаи муассисаҳои томактабии шаҳри Бохтар бо дастгирии МИҲД-и шаҳр ва соҳибкорону шахсони саховатманд таъмиру таҷдид шуда, барои кӯдакон ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь