Давоми се  моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  96 ронандаи воситаи нақлиёти боркаш барои аз меъёр зиёд бор гирифтан ба маблағи 326 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Шафизода Исроил, сардори Раёсати мазкур, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар се моҳи соли 2023-юм аз тарафи кормандони шуъбаю бахшҳо ва нозирони мутасадии шаҳру ноҳияҳои раёсат 37 маротиба рейдҳо гузаронида шудаст. Ҳангоми  гузаронидани рейдҳо барои иҷро накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва дигар коидавайронкуниҳо дар асоси Кодекси ҳуҳуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 ҳазору 878  протоколи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ба маблағи 562 ҳазору 152 сомонӣ тартиб дода шуда, 431 ҳзаору 712 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шуд. Аз шумораи умумии протоколҳои  тартибдодашуда барои бе иҷозатнома фаъолият намудан 153 адад (соли 2022 153-адад) ва барои иҷро нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ 73 (соли 2022 71-адад.) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Мавсуф гуфт, инчунин дар ин давра ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон №779 аз 29.12.2009 с., “Оиди тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои наклиёт бо вазн ва андозахое, ки аз меъёрхои муқараршуда зиёданд” чадвали навбатдорй аз чониби мутахассисон дар дидбонгоҳҳои “Панчи Поён”, “Қизил-қалъа”, “Ёвон” ва дигар ҷойҳои муйянгардида, ҳаракати воситаҳои наклиёти боркаш зери назорат қарор дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь