Барои пешгирӣ аз коронавирус масъулони Кӯмаки аввалияи тибию санитарии шаҳри Бохтар тавонистанд, ки 43 ҳазор сокини шаҳрро воксан зананд.
Муовини раиси ин марказ Ҳафизулло Касиров гуфт, ки барои воксанкунонӣ дар шаҳр ситод ташкил карда шудааст.
– Аз 69 ҳазору 234 нафар гурӯҳи мақсаднок 43 ҳазору 420 нафар, ки 62,7 дарсадро ташкил медиҳанд, бо вояи якуми воксан фаро гирифта шуданд. Дар марҳилаи дуюм 27 ҳазору 102 нафар воксан карда шуданд, – илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, бештар сокинони шаҳри Бохтар воксанҳои истеҳсоли кишварҳои Британияи Кабир, Ҷумҳурии мардумии Чин, Русия ва ИМА-ро гирифтанд.
Ҳоло дар маркази Кӯмаки аввалияи тибию санитарии шаҳри Бохтар 1000 воя воксани дигар мавҷуд буда, эмгузаронӣ идома дорад.
Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин гуфт, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои пешгирии коронавирус ҳама чораҳоро андешида, беш аз 1000 омӯзгор ва 20 ҳазор донишҷӯ пурра вояи якуми воксанро гирифтанд ва гузаронидани вояи дуюми он идома дорад.