Аз ҷониби филилали  Амонатбонки рақами 43 шаҳри Бохтар барои амалиёти ғайринақдӣ ба ташкилоту муассисаҳои шаҳр 55 POS-терминал дастрас карда шуда, рӯзҳои наздик боз 10 адади дигар дастрас хоҳанд шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти “Амонатбонк” филиали рақами 43 дар шаҳри Бохтар оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22.06.2023 дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳр суҳбату вохуриҳо гузаронида шуда, онҳоро бо 55 POS-терминал барои амалиёти ғаринақдӣ таъмин кардааст.

Гуфта шуд, ки аз ин POS-терминалҳо ба 22 муассисаи томактабӣ, 16 мактаб, се литсей, корхонаи комуналӣ, шабакаҳои барқи шаҳр,  САҲШ ва дигар идораҳо дастрас карда шудааст.

Роҳбарияти бонки мазкур ният дорад, ки дар рӯзҳои наздик боз даҳҳо POS-терминали дигарро ба идораҳои шаҳр дастрас кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь