Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори беш аз 100 медал гирадиданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъсигул Шарифзода дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, хонандагони мактабҳои шаҳр дар  озмуну олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ 14 медали тило, 16 медали нуқра ва 41 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки хонандагон дар олипиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона ширкат карда, 34 медали тило, 15 медали нуқра ва 31 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хонандаи мактаби рақами 12 шаҳр дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки миёни даҳҳо кишвари дунё баргузор гашта буд иштирок карда, соҳиби медали алмос шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь