Дар шаҳри Бохтар аз 270 иншооте,ки дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст, 134 иншшот бо харҷи 196 милиилону 325 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода иттилоъ дод, ки айни замон дар 113 иншотти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ва дар 58 иншоти дигар лоиҳакашӣ идома доранд.
Маблағи иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Бохтар тибқи ҳисобҳои пешакӣ 900 миллион сомониро ташкил медиҳад, – илова кард ӯ.
Номбурда афзуд, ки дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёди 18 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда аст, ки аз он то имрӯз 10 ададаш бо таъсиси 140 ҷойи нави кори бунёд гардидааст.
Блоки рекламавӣ