Кормандони Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар 116 касро барои вайрон кардани муҳити зист ва дигар сабабҳо ба маблағи беш аз 25 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карданд.
Сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар Шамсиддин Халилзода ба “Фараж”иттилоъ дод, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъба санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор гузаронида, 114 санади назоратӣ тартиб дода, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта 261 пешниҳод барои иҷро дода шуд, ки аз он 235 ададаш иҷро гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар рафти корҳои назоратӣ аз тарафи мутахассисони шуъба нисбати 116 шахси воқеи ва ҳуқуқӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 25 ҳазору 584 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки маблағи ҷарима пурра ба буҷет ворид карда шудааст. Инчунин дар 13 ҳолат ба мабалағи 8 ҳазору 988 сомонӣ зарар ба муҳити зистро муайян карда ҷарима пурра синтонида шудааст, илова кард ӯ.
Қайд гардид, ки тибқи супориши Кумитаи ҳифзи муҳти зист бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 13 маротиба иқдоми тозагии маҳал, 11 маротиба иқдоми тозагии шоҳроҳ ва 12 маротиба иқдоми тозагии соҳил бо иштироки 6 ҳазору 56 кас ва кормандони муассисаву ташкилотҳои шаҳр гузаронида шуда, зиёда аз 250 метри мураббаъ партовҳо бароварда шудаанд, гуфт Шамсиддин Халилзода.