Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки сардори Хадамоти алоқаи кишвар Бег Сабур бинои нави Раёсати минтақавии ширкати Мегафон дар Тоҷикистонро мавриди истифода карор доданд.

Дар маросими кушодашавии бинои нав раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, сардори Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ва дигар шахсони даъватшуда ширкат доштанд.

Иброз гардид, ки Раёсати минтақавии ширкати Мегафон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон яке аз воҳидҳои асосӣ дар сохтори Мегафон мебошад. Дар давоми 12 соли фаъолияти худ оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 истгоҳи базавӣ сохтааст, ки нисфи онҳо стандарти 4G- ро бо суръати баланди дастрасӣ ба интернет таъмин мекунад.

Ба маркази шаҳри Бохтар кӯчонидани идораи асосӣ, ки дар он кор бо мизоҷон ва шарикон метавонад ба сатҳи нав бардошта шавад, тасмими муносиб ба ҳисоб меравад.

Тавре маълум гардид, бинои нав аз 2 ошёна иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва зиёда аз 18 нафар кору фаъолият мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь