Чандест перомуни ин савол дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо зиёд шудаанд. Дар зер навиштаи журналист Исфандиёри Одинаро, ки дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора фикрашро байн кардааст, меорем:

Беҳтар аст дар ҳамон донишгоҳҳои мавҷуд бахшҳои диншиносӣ, масалан, бо риштаҳои исломшиносӣ, масеҳиятшиносӣ, буддоишиносӣ, маздаясно, ҳиндуисм, ирфон, тасаввуф, исмоилия, тасаннун, ташаййуъ ва ғайра таъсис шавад ва хоҳишмандон дар ҳамон донишгоҳҳо метавонанд мадраки лозимиро бигиранд. Ё, масалан, донишҷӯёни риштаҳои дигар, монанди ҷомеъашиносӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, забоншиносӣ, адабиёт, фарҳангшиносӣ ва ғайра метавонанд фанҳои гузинишӣ (optional)-ро дар ҳамин бахшҳо ё риштаҳо хонанд. Яъне, масалан, худи донишҷӯ дар риштаи торих таҳсил мекунад, вале ба иловаи фанҳои ихтисосӣ ва иҷборӣ, ки умдатан иборат аз назария ва равишҳои таҳқиқи ҳамон фан ё ришта (масалан торих) аст, метавонад фанҳои дигареро интихоб кунад, аз ҷумла ирфоншиносиро, ё агар риштаи таҳсилияш торихи бостон бошад, динҳои бостониро, метавонад бихонад, ки ин риштаҳо тахассуси ӯро такмил мекунанд….

Мо дар як кишвари кӯчак беш аз 30 донишгоҳ дорем, вале сатҳи ҳаммашон баробари клосҳои болоии мактабҳои миёна аст. Хубтар аст инҳо камтар шаванду кайфияти корашон беҳтар шавад….

Мутаасифона, дар донишгоҳҳои мо мисли мактаби миёна ҳамаи донишҷӯёни як ришта баробар фақат чанд фанро, ки барои онҳо аз қабл таъйин шуда, ҳамонро мехонанд, ки бисёр ақабмонда аст. Ин тур нест, ки агар Асад, ки донишҷӯи филулужӣ асту бештар ба адабиёти куҳан алоқа дорад, имкон дошта бошад, ки биравад дар фокултаи торих дарсҳои торихи куҳанро ҳам интихоб кунаду хонад, ва масалан Самад, ҳамкурси ӯ, ки бештар ба адабиёти имрӯз алоқа дорад, биравад дар фокултаи фарҳангшиносӣ дарсҳое дар бораи синемо, ё родию ва телевизиюн, ё ҳатто рӯзноманигорӣ, ё ҳатто теотр бихонад, чун адабиёти мудерн бо ин ҳунарҳо дарҳамтанида аст ва омӯзиши ин фанҳо ба дарки ӯ аз адабиёти мудерн бештар кумак мекунад….

Феҳристи баистилоҳ “ихтисосҳо”, ки ҳангоми пазириши довталабон ба донишгоҳҳо дар бархе нашрияҳо мунташир мешавад, дар бисёре маворид воқеъан таҳаввуъовар аст. Бисёре аз ин “ихтисосҳо”, ки донишгоҳҳои мо ҳангоми вуруд ба довталаби пазириш ба донишгоҳ арза мекунанд, гоҳе таҳаввуъовар аст, аслан мутобиқ бо ниёзҳои имрӯзӣ нест, бо шароит ва заруратҳои бозори кори имрӯз аслан созгор нест, аз ин рӯ донишгоҳҳои мо бештар фақат барои мадрак додан ҳастанд ва бахши ъзаме аз фориғуттаҳсилони онҳо кор намеёбанд ва муҳоҷир мешаванд….

Агар қарор аст 80 дарсади онҳо муҳоҷир шаванд, чи лозим аст ин донишгоҳҳо вуҷуд дошта бошанд? Ба ҷои донишгоҳҳои бисёр беҳтар аст ҳамон ПТУ-ҳои собиқ, ки муодили коллеҷҳои имрӯзӣ дар Ғарб ҳастанд, эҳё карда шаванд ва мардум бештар бираванду ҳунарҳоеро ёд бигиранд, ки дар муҳоҷират ба дардашон мехӯрад, мисли наҷҷорӣ, рангу бор, наққошӣ, лулакашӣ (сантехникӣ), деворзанӣ, ҷӯшкорӣ (сваршикӣ) ва ғайраро… Қарор нест тамомии миллат мадраки таҳсилоти олӣ дошта бошанд, фақат барои ин аз хидмати сарбозӣ худро халос кунанд, ё дар дохили сандуқ гузоранду гоҳ-гудоре бад-он ифтихор варзанд ва он дигар ба ҳеч дарде нахӯрад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь