Бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  шаш автобуси мусофирбар фиристода шуд.

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ин шаҳри вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ оварда шуданд.

Автобусҳоро шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар даромадгоҳи шаҳр қабул карда, аз дасгириҳои роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ кард.

Гуфта шуд, ки таҳкими заминаи техникию имконияти моддии муассисаҳои коммуналӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, инчунин муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи сарвари давлат қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь