Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарёи Яғноб ба истифодаи ду пул, ки бо дастгирии молии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.

Маросими ифтитоҳ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва сокинони водӣ сурат гирифт. Пулҳо ба иқтидори иқтисодиии ин водии вилояти Суғд таҳким бахшида, сатҳи зиндагӣ ва амнияти озуқавории мардуми деҳотро беҳтар хоҳанд кард.

Пулҳо 10 ва 25 метр дарозӣ дошта, дар 105 километр аз шимоли Душанбе ҷойгир шудаанд ва чун хати ҳаёт 10 деҳаи водии Яғнобро ба ҳам мепайвандад. Қаблан набудани пулҳои қобили истифодаи автомобилҳо зуд-зуд дастрасии сокинонро ба маркази водӣ ва деҳоти гирду атрофи он қатъ карда, боиси мушкилӣ ва кандашавии алоқа мегардид.

“Мо бовар дорем, ки муҳити мусоиде фароҳам меоварем, ки ба рушди иқтисодии маҳаллӣ мусоидат мекунад, ки дар навбати худ ба амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ тақвият мебахшад”, иброз дошт муовини директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Чарлз Инванӣ. “Пулҳои Яғноб ҷамоатҳои деҳоти дорои иқтидори зиёдро ба бозорҳои калонтар мепайвандад ва маҳсулоти кишоварзие, ки онҳо мерӯёнанд, ба онҳо имкониятҳои бештари иқтисодӣ медиҳад”.

Сохтмони пулҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Агроаксияи Олмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд анҷом ёфтааст. Таҳти назорати гурӯҳҳои муҳандисии БОҶ ва дар ҳамкорӣ бо шарики маҳаллӣ, лоиҳа барои сокинони маҳаллӣ ба ҳайси операторони таҷҳизот ва ронанда имкониятҳои кориро фароҳам овард.

Такмили инфрасохтори маҳаллӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ як қисми ҳадафи БОҶ барои ноил шудан ба рушди устувор, баробарии гендерӣ ва амнияти озуқаворӣ дар водии дурдаст ва кӯҳии Яғноб мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь