Аз 3694 нафар шаҳрванди дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайрирасмӣ машғулбуда 3377 нафар ба Тоҷикистон баргадонида шудаанд, ки ахиран 88 нафари онҳо боз ба ҷойи таҳсили қаблиашон баргаштаанд. Ба гуфтаи масъулин, бозгашти 88 нафар ба донишгоҳҳои хориҷа бо баҳонаи рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ тариқи Русия сурат гирифтааст.

Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора маълумот дода, гуфт, алҳол дар донишгоҳҳои исломию арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ҶИ Эрон, Покистон 405 нафар муҳассилини ғайрирасмӣ боқӣ мондаанд, ки барои баргардонидани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Номбурда инчунин гуфт, соли равон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди олии Тоҷикистон нисбати 768 нафар шаҳрванд протоколҳои қонуншиканӣ дар самти вайрон намудани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон” тартиб дода шуда, ҷарима шудаанд.

– Миёни вайронкунандагони қонуни танзим 13 нафар хизматчии давлатӣ, 30 нафар соҳибкор, 6 нафар табиб, 1 нафар эмомхатиб мебошанд, ки нисбаташон протоколҳо тартиб дода шуда, ҷарима карда шудаанд, – гуфт Давлатзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аз тарафи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 23862 рейдҳои санҷишӣ гузаронида шудааст.

Мувофиқи маълумоти Кумита дар кишвар 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта теъдоди иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон 410 адад рақам зада мешуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here