Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди бордоркунии сунъӣ дар кишвар, ки гӯё хоҳишмандонро аз мардони бегона ва ё ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ бордор мекунанд, комилан рад карда гуфт, занҳо аз шавҳари худашон бордор карда мешаванд. Ба гуфтаи масъулин, ба роҳ мондани чунин шакли бордоркунӣ бо Вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудаааст.

Сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ Шералӣ Раҳматуллоев, дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, аслан сунъӣ номидани чунин шакли бордоркунӣ дуруст нест, зеро зан аз шавҳари никоҳии худаш бордор карда мешавад.

Вақте ташхис гузаронида мешавад ва муайян мешавад, ки шавҳари зан имкони бордоркунӣ дорад, баъд бо розигии ҳар ду тараф, зан аз шавҳари худаш бордор карда мешавад. Ӯро аз ягон каси дигар бордор намекунанд. Ин тарз бо ҳамаи муассисаҳо ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст. Барои чунин шакли бордоркуниро дар Тоҷикистон ба роҳ мондан чӣ қадар азобҳо кашидем. Хушбахтона, то имрӯз қариб 200 оила соҳиби фарзанд шуда, хушбахт гаштанд. Агар кадом падаре бовар надошта бошад, ки фарзандаш аз худаш аст, марҳамат, биёяд падариашро муайян кунад. Ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад, -гуфт Шералӣ Раҳматуллоев.

Номбурда дар мавриди нархи бордоркунии сунъӣ гуфт, дар Тоҷикистон он то 5000 доллар нарх дорад, вале дар хориҷа аз 8 ҳазор то 30-35 ҳазор доллар аст.

Ёдовар мешавем, бордоркунии сунъӣ дар Тоҷикистон дар Маркази тиббии хусусии «Насл» аввалин маротиба соли 2012-ум амалӣ гардида, пас аз 9 моҳ, январи соли 2013 зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда тариқи ҷарроҳӣ дугоник – ду писар ба дунё оварда буд.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки занҳои бордоршудаи ин марказ аксаран дугоник ба дунё меоранд. Сабабашро мутахассисисон шарҳ медиҳанд, ки барои эҳтиёт ба организми зан ду эмбрион ворид карда мешавад. Дар сурати насабзидани яке дигараш ҳатман месабзад. Ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки ҳар ду эмбрион баробар месабзанд ва дугоникҳо ба вуҷуд меоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь