Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомониро ба муомилот мебарорад.

Дар иттилоияи Бонки миллии Тоҷикистон омадааст, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин, такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм дар пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь