Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №44 дар бораи масъалаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк”” тасдиқ карда шуд.

Дар робита ба ин 7-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. “Иҷозатнома” барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ супорида шуд.

Дар идома раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С. оид ба фаъолияти “Амонатбонк” ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози мамлакат ҷиҳати афзоиши сармоя, дороиҳои бонк, ҳаҷми қарздиҳӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва ғайра гуфтугӯи судманд анҷом дода, ба фаъолияти минбаъдаи Бонк пешравию комёбиҳоро таманно намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь