Суд дар Украина блогнависи қазоқ Жанара Ахметро 18 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар ин бора вакили блогнавис Владислав Гришенко хабар медиҳад.

Ба навиштаи расонаҳо, Жанара Ахмет баъди қарори суд гуруснашинӣ эълон карда, ба вакилаш гуфтааст, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд. Жанара Ахмет баҳори имсол аз Қазоқистон ба Украина фирор ва дар он кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Ӯро шаби 21 октябр дар наздикии шаҳри Киев боздошт карданд.

Прокуратураи Украина мегӯяд, мақомоти Қазоқистон Жанара Ахметро “бо гумони содир кардани қаллобӣ аз соли 2005 то 2008” таҳти пайгард қарор додаанд. Мақомоти Украина гуфтаанд, блогнавис дар соли 2009 бо айни ҳамин иттиҳом ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст.

“Бори дуюм барои ҳамон як айб шаҳрвандро на тибқи қонунгузории Қазоқистон ва на тибқи қонунгузории Украина ба ҷавобгарӣ ҷалб кардан мумкин нест”, – гуфтааст вакили дифоъ.

Мақомоти Қазоқистон баъди он ки Жанара бо тифли хурдсолаш аз Қазоқистон ба Украина фирор кард, ӯро дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь