1-4 сентябри соли равон Бонки исломии рушд (БИР) ҷамъомади шӯрои 46-уми солонаи мудирони худро дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мекунад. Дар ин бора ноиби аввали вазири инвеститсия ва тиҷорати берунаи Ӯзбекистон Азиз Воитов зимни баргузории як брифинг ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Азиз Воитов мувофиқи низоми Бонки Исломии Рушд ҷамъомадҳои солонаи он дар се сол як маротиба дар қароргоҳаш, воқеъ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ва ду маротиба дар кишварҳои узви ин банк баргузор мегарданд.

-Дар ин ҷамъомадҳои солона Шӯрои мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд масъалаҳои рушд ва институтсионалиро баррасӣ менамоянд. Дар айни ҳол дар шаҳри Тошканд барои роҳандозии муваффақиятноку босамари ин чорабинии бонуфуз куллан омодагӣ гирифта шуданд,-изҳор кард Азиз Воитов.

Вай афзуд, ки маросими ифтитоҳи расмии ҷамъомади солонаи БИР 1 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони “Тошкент Сити” баргузор мегардад ва то 4 сентябр давом хоҳад кард. Инчунин дар брифинг таъкид гардид, ки дар ҷаласаи фавқуззикр 54 кишвари дунё менеҷерҳо, вакилони созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ, намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва доираҳои соҳибкорӣ барои ширкат  гирдиҳам омадаанд.

-То имрӯз зиёда аз 2 ҳазору 500 нафар барои иштирок дар чорабиниҳои ҷаласаи солонаи 46 –уми БИР сабти ном шуданд. Чунин ҷаласаи бонуфуз дар давраи пахши бемории куруно бори аввал дар мамлакати мо баргузор хоҳад шуд,-тазаккур дод Азиз Воитов.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин чорабинӣ имзои як қатор созишномаҳои молиявӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2003 ба узвияти ин ташкилот пайваст шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти БИР додани қарзҳои дарозмуддат ва кӯмаки техникӣ барои амалисозии лоиҳаҳои рушд мебошад ва он асосан соҳаҳои кишоварзӣ (обёрӣ ва мелиоратсия), маориф, тандурустӣ, таъминоти об, рушди инфрасохтор ва ғайраро фаро гирифтааст.

Тавре ки ноиби аввали вазири инвеститсия ва тиҷорати берунаи Ӯзбекистон гуфт, дар давраи солҳои 2004-2020 якҷо бо БИР кишвараш 19 лоиҳаро мавриди татбиқ қарор додааст. Маблағҳои БИР асосан барои дастгирии тиҷорати хурду миёна (5 лоиҳа), рушди нақлиёт ва сохтмони роҳ (3 лоиҳа), сохтмони манзил дар деҳот (1 лоиҳа), лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ барои истихроҷи газ (1 лоиҳа), бахши энергетика (3 лоиҳа), дар соҳаи хоҷагии об (1 лоиҳа), хоҷагии манзилию коммуналӣ (1 лоиҳа), маориф (3 лоиҳа), тандурустӣ (1 лоиҳа) нигаронида шудаанд.

-Дар айни замон 10 лоиҳа бо иштироки маблағгузорӣ ва кӯмаки коршиносони БИР амалӣ мешавад. Гурӯҳи БИР тавассути воҳиди худ – Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (КИРБХ) ба рушди бахши молиявӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, инчунин бозори лизинг дар Ӯзбекистон фаъолона мусоидат мекунад,-иброз дошт дар брифинг Азиз Воитов.

Вай илова намуд, ки то кунун ҳаҷми сармоягузорӣ ва захираҳои молиявӣ, ки КИРБХ ба ин кишвар пешниҳод кардааст, зиёда аз 375 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар поёни брифинг аз хабарнигорон тақозо гардид, ки барои ширкат ва инъикоси ин ҷаласаи бонуфуз бояд аз муоинаи пизишкон гузаранд ва тест супоранд. Дар акси ҳол ба толор роҳ дода нахоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь