То ба имруз зиеда аз 800 000 нафар «Эсхата Онлайн»-ро насб намуда, ҳамроҳи мо, қадам ба қадам, гузариш ба хизматрасонии фосилавии бонкӣ доранд.

Пушида нест, ки дар замони муосир гузариш ба рақамикунонӣ омили асосии кори пурсамар дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ мебошад. Ин модели муосири тиҷорат дар ҳалли мушкилоти мизоҷон, беҳтаргардонии сифат ва суръати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Касе, ки бонки мобилии “Эсхата Онлайн”-ро истифода мебарад, хуб медонад, ки баробари насб ва корбарӣ дар барномаи мазкур ӯ сарфаи вақт, ботезӣ ҳалли масъалаҳои молиявӣ, идораи мустақилонаи даромаду харочотҳо, раҳоӣ аз интизорҳо дар навбат ва дастрасии шабонарузиро ба хизматрасониҳои бонкӣ ба даст овардааст.

То имруз баҳри истифодабарандагони “Эсхата Онлайн” зиеда аз 200 намуд амалиетҳои бонкӣ ва пардохтҳо пешкаш гардидааст, ки бе ташрифоварӣ ба бонк метавон анҷом дод:

  • Кушодан ва пур кардани пасандоз
  • Дархост ба онлайн қарз ва пардохти қарз
  • Пайваст намудани кортҳои Федератсияи Россия ва “Эсхата Онлайн”
  • Пайваст намудани “Корти милии” дигар бонкҳои кишвар ба “Эсхата Онлайн”
  • Интиқоли пулӣ дохили кишвар ва қабули он аз дигар давлатҳо
  • Мубодилаи асъор
  • Пур кардани ҳаменҳои мобилӣ
  • Пур кардани тавозуни телефон ва интернет
  • QR ва дигар пардохтҳо ва амалиетҳои бонкӣ

Бояд қайд кард, ки зиеда аз  8 000 нуқтаҳои пардохти QR дастраси мардуми кишвар аст.

Мо мехоҳем, ки бароятон бештар имкониятҳои хизматрасонии фосилавиро пешниҳод намоем, “Эсхата Онлайн”-ро дар истифодабарӣ боз осону дастрас гардонем. Бо ҳамин мақсад мо ҳар руз сари кор ҳастем ва шодем, ки шумораи насби барномаи мобилии  мо руз аз руз зиед мегардад. Ташаккур, ки бо мо ҳастед!

“Эсхата Онлайн”-ро насб кардед, аммо аз ҳамаи имкониятҳои он ҳоло ҳам бехабаред? Тавсия медиҳем, ки зуд мушаххасикуниро ройгон гузашта, бар ивази он 5 сомониро ба ҳамени мобилии худ гиред. Баробари мушаххаскунӣ имкониятҳои хизматрасониҳои фосилавӣ бароятон боз ҳам зиедтар мегарданд.

“Эсхата Онлайн” надоред?

Ба ин ҷо даромада, насб намоед http://eskhata.com/online ва ба 800 000 нафар ҳамроҳ шавед.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комебиҳо!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь